Истифода аз хизматрасониҳои Намояндагии ХШР ВКД-и Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам шаҳрвандон! Имрӯз мо дар бораи ду воситаи муҳим маълумот медиҳем, ки сафари шуморо ба Федератсияи Россия ҳарчи бештар бароҳат, бехатар ва боэътимод мегардонанд — хусусан барои онҳое дахл дорад, ки ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Аввалин ин Намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2024 инҷониб дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи С. Айни 121, бо муваффақият дар қаламрави кишвари азизамон фаъолият мекунад. Дар ин ҷо шумо метавонед: • Дактилоскопия (супурдани изи ингушт) ва аксигирии биометрии ҳатмиро гузаред; • Маълумоти расмӣ дар бораи мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳо барои воридшавӣ ба Федератсияи Россия гиред. Ин маълумотнома ва дактилоскопияи гузашта — яке аз марҳилаҳои калидии омодагӣ пеш аз сафар барои онҳоест, ки ният доранд дар Россия кор кунанд. Бо доштани ин ҳуҷҷатҳо шумо мутмаин хоҳед буд, ки ҳеҷ гуна мамониат барои вуруд надоред. Дувум ин замимаи мобилии «Госуслуги.RuID» мебошад, ки дар RU Store ва Google Play дастрас аст. Бо истифода аз ин замима Шумо метавонед пешакӣ, ҳанӯз дар қаламрави кишвари азизамон: • Биометрияи худро (сурат ва овоз) сабт намоед; • Санаҳои эҳтимолии парвоз ва муҳлати буду бош дар Россияро нишон диҳед. Дар давоми 72 соат ба шумо рамзи-QR бо санаи тасдиқшудаи парвоз фиристода мешавад. Агар маҳдудиятҳо барои вуруд вуҷуд надошта бошед — шумо паёмаки огоҳии «сабз» мегиред. Агар маҳдудиятҳо бошанд —огоҳиномаи сурх омада мерасад. Илова бар ин, истифодаи RuID ба шумо баъди расидан ба Федератсияи Россия бартариҳои зиёде медиҳад, яъне: • Рақами СНИЛС ба таври худкор ташаккул меёбад; • Шумо метавонед SIM-корти операторҳои дилхоҳро дар Россия бо тартиби соддакардашуда дар ҳар мағозаи алоқа ба даст оред. Муҳоҷирати бехатар ва пешакӣ омодашуда оромии Шумо ва итминони Шумо ба фардо мебошад. Аз ин имкониятҳо истифода баред ва сафари худро ба Россия осон кунед! Рақамҳо барои тамос: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Сибири ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибири шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99 8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48 Почтаи электронии Намояндагӣ: 🌐 prmstj@mail.ru