ТО ПОЁНИ "ОБЛАВА" ЯК ҲАФТА МОНД: ВАЗОРАТИ МУДОФИА ГУФТ, НАҚШАИ ДАЪВАТ 83% ИҶРО ШУДААСТ
Дар ҳоле ки то анҷоми мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамагӣ чизе бештар аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст, маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 22 ноябр хабар дод, ки нақшаи даъват ба саффи артиш дар кишвар то имрӯз 83% иҷро шудааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи тирамоҳии даъватро 100 фоиз иҷро карда, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки навоҳии водиҳои Ҳисору Рашт ва шаҳри Норакро дар бар мегирад, нақшаро алакай 96% ба иҷро расондаанд. Аммо ду вилояти бузургтарини ҷумҳурӣ каме ақиб мондаанд: Нақшаи даъват ба артиш дар вилояти Суғд то имрӯз 77,3% ва дар вилояти Хатлон 75% иҷро шудааст.
Название:
ТО ПОЁНИ "ОБЛАВА" ЯК ҲАФТА МОНД: ВАЗОРАТИ МУДОФИА ГУФТ, НАҚШАИ ДАЪВАТ 83% ИҶРО ШУДААСТ
Категория:
Разное