Ривоят ё ҳақиқат | Чашмаи Бибифотимаи Заҳро | Асрори чашмаи муқаддаси Помир
Чашмаи Бибифотимаи Заҳро — ривоят ё ҳақиқат? Дар наздикии деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим чашмаи машҳури Бибифотимаи Заҳро ҷойгир аст. Ин чашмаи оби гарми минералӣ бо табиати нотакрор, ривоятҳои мардумӣ ва эътиқодҳои вобаста ба он маъруф мебошад. Дар атрофи ин мавзеъ ривоятҳои зиёде аз насл ба насл нақл мешаванд. Аммо кадоме аз онҳо ба воқеият наздик аст? Чаро ин чашма чунин ном гирифтааст? Ва чӣ воқеият дар паси ривоятҳои марбут ба он қарор дорад? 🎥 Гурӯҳи эҷодии «Ривоят ё ҳақиқат» ба ин мавзеъ сафар карда, кӯшиш мекунад миёни ривоятҳои мардумӣ ва маълумоти воқеиву илмӣ фарқ гузорад. 📺 «Ривоят ё ҳақиқат» — барномае барои ҷустуҷӯи ҳақиқат дар паси ривоятҳои мардумӣ. Тамошои пурраи барнома дар YouTube ва эфири телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».
Название:
Ривоят ё ҳақиқат | Чашмаи Бибифотимаи Заҳро | Асрори чашмаи муқаддаси Помир
Категория:
Разное