Муҳоҷирати бехатар: "Донистан ҳатмист, то ба савдои одамон гирифтор нашавед!
Ҳар як инсон мехоҳад зиндагии шоиста дошта бошад, вале баъзан одамон бо орзуи пули калон ба хориҷи кишвар рафта, ба доми ғуломӣ гирифтор мешаванд ва натанҳо озодӣ, балки саломатӣ ва бехатарии худро низ аз даст дода, азобу ранҷҳои зиёде мекашанд. Мехоҳед донед, ки қурбониёни савдои одамон чи тавр ба доми ғуломӣ меафтанд? Донистан мехоҳед, ки даллаҳо бо чи ваъдаҳо занону духтарони содаро ба домашон афканда ба Арабистон, Туркия ва дигар давлатҳои хориҷӣ мебаранд ва ба ғуломи шаҳвонӣ табдил дода, ба танфурӯшӣ маҷбур месозанд? Роҳҳои пешгирӣ аз афтодан ба ғуломиро донистан мехоҳед? Пас ҳатман ролики мазкурро тамошо кунед ва онро ба дигар ёру дӯстонатон фиристед, то аз хатари афтодан ба ғуломӣ дар амон бошанд! https://oila.tj/category/muoirati-bekhatar Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Сомонаи ОИЛА ТҶ барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.
Название:
Муҳоҷирати бехатар: "Донистан ҳатмист, то ба савдои одамон гирифтор нашавед!
Категория:
Разное