Барканории раиси Хадамоти алоқа ва вазири мудофиа. Пешниҳоди ивази прокурори генералӣ
Имрӯз, тибқи як тағйироти кадрӣ роҳбарони чанд сохторҳои муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон иваз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар. Тибқи фармони раҳбари давлат Бег Сабур аз вазифаи раиси Хадамоти алоқа озод ва ба ҷойи ӯ Исфандиёри Саъдулло раиси ин хадамот таъин шуд. Шералӣ Мирзо аз вазифаи вазири мудофиа озод ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳамзамон пешниҳодҳои президенти Тоҷикистон дар бораи озод намудани Юсуф Раҳмон аз вазифаи прокурори генералӣ ва ба ҷойи ӯ таъйин намудани Ҳабибуло Воҳидзода ба Маҷлиси Миллӣ фиристода шудааст. #yourtj #Тоҷикистон #таджикистан #хабар #хабарируз #новости #бегсабур #интернет #президент #хабарҳоитоҷикистон @YourTJ
Название:
Барканории раиси Хадамоти алоқа ва вазири мудофиа. Пешниҳоди ивази прокурори генералӣ
Категория:
Разное