ВАЗОРАТИ МУДОФИА: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ТАМОМ ШУД, ВАЛЕ ҶАВОНОНРО МЕТАВОНАНД БА ВОЕНКОМАТ ДАЪВАТ КУНАНД
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30 ноябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки аз 1 октябр сар шуда буд, пурра ба анҷом расид. Вале, афзудаст маркази матбуоти вазорат, “тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.” Вазорат шарҳ надодааст, ки оё ин ба маънои тамдиди муҳлати даъват дар минтақаҳоест, ки нақшаро иҷро карда натавонистанд ё чӣ?
Название:
ВАЗОРАТИ МУДОФИА: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ТАМОМ ШУД, ВАЛЕ ҶАВОНОНРО МЕТАВОНАНД БА ВОЕНКОМАТ ДАЪВАТ КУНАНД
Категория:
Разное