Чӣ гуна Инсон бо қадр мешавад?-چگونه انسان باارزش میشود؟
ИНСОН ЧӢ ГУНАБО ҚАДР МЕШАВАД? Мо дар асл сифр ҳастем. 0 (сифр) дар танҳои беарзиш ва бетаъсир аст, Як чанд 0 (сифр) ҳамроҳ шавад, боз ҳам арзишеро ифода намекунад, Ҳатто миллионҳо 0 (сифр) якҷо шавад, боз ҳам беарзиш ва бетаъсир аст, Бале 0 (сифр) кадом вақт боарзиш мешавад? Ҳамон вақте, ки ягон чизи арзишманд бо вай ҳамроҳ шавад! 1 (як) дар танҳои арзише дорад ва агар 0 (сифр)-е, ки беарзиш аст бо вай ҳамроҳ шавад, 0 (сифр) арзишеро ба даст медарорад ва ҳамроҳи якдигар 10 (яъне арзишманд мешавад)! Инҳоро ман барои чӣ ба шумо фаҳмонида истодаам? Бале мо дарси математики нагузашта истодаем ку. Мо низ дар асл сифр ҳастем. То вақте, ки бо ягон чизи арзишманд ҳамроҳ нашавем арзише пайдо намекунем, 1 (як)-е, ки мо арзишмандаш гуфтем он Ислом аст. Ислом бо арзиш аст яъне 1 (як), қиматеро дар худ дорад, Вақте ки мо ба ӯ ҳамчун 0 (сифр) якҷо мешавем, мо маънои худро пайдо мекунем, қиматбаҳо ва гаронбаҳо мешавем. Беарзиш ва бе қувват, яъне 0 (сифр) будаамонро дар ҳоли ҳозир бо мисоли возеҳ аз сар гузаронида истодаем. Масалан: Мошин дорем аммо шишта сайру гашт карда наметавонем, пул дорем аммо баромада истифода бурда наметавонем, мағоза дорем аммо кушода кор карда наметавонем. Корона ном як вирус, имруз ҳаётро маҳдуд кард, оё шумо ҳич фикр кардаед, кион чӣ қадар вазн дорад? Аммо агар мушоҳида кунем мебинем, ки дар вазни ин вирус чӣ қадар 0 (сифр) мавҷут аст, 000.000.0000.00.05. ҳато ба дараҷае 0 (сифр) дорад, ки ҳисобаш карда намешавад. Дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна тақрибан 2 миллион вирус мавҷудаст ва вақте ки шумо онҳоро ҷамъ оварда ва вазни онҳоро чен мекунед, онҳо тақрибан 1 грамм ё наздик ба 1 граммро ташкил медиҳанд. Як вирусе, ки тақрибан 1 граммро ташкил медиҳад, калонтарин ва пурқувватарин давлатҳои ҷаҳонро, чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ бошад ва ё аз ҷиҳати тандурустӣ заиф (яъне аз пой афтонид). Аз ҳамин сабаб мо 0 (сифр) ҳастем, дар асл ба мисли як чизи беарзиш ва беқувват ҳастем, Мо танҳо аз сабаби 1 грамм вирус дар тамоми дунё мағлуб шудем. Барои ҳамин мо 0 (сифр) ҳастем. Ҳар вақте ки мо ба Ислом, ки 1 аст, ҳамроҳ шавем он вақт қиммате пайдо мекунем, яъне арзишманд хоҳем шуд. Бидуни Ислом чӣ қадар ҳаёт беарзиш ва беқадр буданаш... На танҳо имрӯз, на танҳо вақте ки мусибатмеояд, балки ҳар лаҳза, ҳар замон, ҳар куҷое набошем бо Ислом бошем ва даъват ба он кунем. Бо Ислом зиндагӣ карда, барои онро ба майдони ҳаёт баргардонидан кӯшиш кунем.
Название:
Чӣ гуна Инсон бо қадр мешавад?-چگونه انسان باارزش میشود؟
Категория:
Разное